Мулоқот бо муовини роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Москва ва шиносоӣ аз фаъолияти МБМ “Сахарово”

10 августи соли 2023 дар доираи сафари гурӯҳи корӣ вохӯрии ҳайат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо Василевская Мария Игоревна – муовини роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Москва ва боздид аз фаъолияти корӣ ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар МБМ “Сахарово” баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин Намояндагии Вазорат, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва аз ҷониби Федератсияи Россия намояндагони Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ва роҳбарияти МБМ “Сахарово” иштирок намуданд.
Яке аз масъалаҳои асосии зимни мулоқот муҳокимагардида, ин иҷроиши тавофуқҳое, ки дар чаҳорчӯби мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Сарвазири Федератсияи Россия М.Ш. Хуснуллин ва Сарвазири Чумхурии Точикистон Қоҳир Расулзода (дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ) матраҳ гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегардад, омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Россия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Федератсияи Россия муҳокима гардид.
Дар навбати худ, Василевская М.И. иброз намуд, ки ба фаъолият шуруъ кардани намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Россия дар қаламрави Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор дар корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва сохтмонӣ дар Федератсияи Россия шароит фароҳам меорад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.
Баъд аз қисмати расмии вохӯрӣ, боздиди ҳайат аз фаъолияти корӣ ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар МБМ “Сахарово” сурат гирифт.