Музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд
![Музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд Музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд](/uploads/posts/2023-09/medium/1694780222_krokus.jpg)
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки музди меҳнати нопардохти беш аз 450 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии «Крокус Групп» ба маблағи зиёда аз 41 млн рубл баргардонида шуд.
Аз ҷониби Намояндагӣ масъалаи нопардохти музди меҳнат дар асоси муроҷиатҳои гурӯҳи шаҳрвандон аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ зимни вохӯриҳои пайваста бо роҳбарияти ширкати сохтмонии «Крокус Групп» ва роҳбари Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат Иванков М.Ю., вобаста ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат баррасӣ гардида, мактубҳои алоҳидагӣ ирсол гардид.
Дар ин асос, шурӯъ аз 23 август то 7 сентябр ширкати «Крокус Групп» дархостҳои Намояндагиро вобаста ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат ва пардохт намудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қонеъ гардонида, ба коргарони тоҷик музди меҳнати аз 2 то 4 моҳа пардохтнашударо, ки беш аз 41 млн рублро ташкил дод, пардохт намуд.
Бояд қайд кард, ки яке аз масъалаи муҳими фаъолияти Намояндагӣ, ин баргардонидани маблағҳои нопардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор рафта, дар ин давраи соли 2023 Намояндагӣ музди меҳнати нопардохтро дар ҳаҷми 238 374 223 рубл, муодил ба 27 397 452 сомонӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо корфармоён ва кӯмаки мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия баргардонидааст.