Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки тибқи Қонуни федералии №156-ФЗ аз 28.04.2023, ба моддаҳои 20 ва 22-и Қонуни федералии №109-ФЗ аз 18.07.2006 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия” тағйирот ворид гардидааст.
Дар асоси тағйиротҳои иловашуда, дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ аз соҳибмулк, шаҳрванди Федератсияи Россия, ки дар системаи федералии давлатии иттилоотии "Портали ягонаи хадамоти давлатӣ ва мунисипалӣ, ки барои пешниҳоди хидматҳои давлатӣ ва мунисипалӣ” (Госуслуги) дар шакли электронӣ истифода мешаванд, ба қайд гирифта шудааст, бинои истиқоматиро барои иқомати воқеӣ (муваққатӣ) ба иҷора гирад, метавонад мустақилона дар шакли электронӣ ё мустақиман дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 20 Қонуни федералӣ ба мақомоти ваколатдори бақайдгирии муҳоҷиратӣ бобати омаданаш ба маҳалли будубош (ҳамзамон фарзандони то синни ҳаждаҳсолааш) бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ва нусхаи шартномаи иҷораи манзил огоҳинома (миграционный учет) пешниҳод кунад. Дар ин ҳолат розигии соҳибмулк барои иқомати воқеии (муваққатӣ) шаҳрванди хориҷӣ ва кӯдакони то ҳаждаҳсола дар манзили иқоматии соҳибмулк бо истифода аз портали “Госуслуги” бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Россия сурат мегирад. Дар ҳолати номнавишти муҳоҷиратии фарзандони то синни ҳаждаҳсола ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пайвандӣ замима карда мешаванд.
Ҳангоми пешниҳоди огоҳинома дар шакли электронӣ қисмати ҷудошавандаи огоҳинома дар бораи омадани шаҳрванди хориҷӣ ба макони будубош дар шакли электронӣ, ки бо имзои электронии такмилёфтаи тахассусии шахси мансабдори мақомоти бақайдгирии муҳоҷират имзо шудааст, ба кабинети инфиродии шаҳрванди хориҷӣ дар портали ягонаи хидматрасони давлатӣ “Госуслуги” фиристода мешавад.
Ин талабот нисбат ба ҳолатҳои ҷойгиркунии шаҳрванди хориҷӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки дар сархатҳои 1 ва 3 қисми 3 моддаи 20 ва қисми 2 моддаи 21 ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, татбиқ намегардад.

Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳои иловагӣ метавонед ба рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.