Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

03 ноябрь 2023, Пятница
536
0
Табрикот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз, роҳбарону аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ-фарҳангӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия, ҳамаи шуморо ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоем.

6 ноябри соли 1994 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо хатҳои заррин ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Чун дар ин санаи тақдирсоз, бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.

Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардум таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он, пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон аст ва барои рушду нумӯи кишвар, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ ва ҳуқуқбунёдии ҷомеа нақши арзишманд дорад.

Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳим касб менамояд.

Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр ҳастем. Ба шарофати арзишҳои асосии конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шинохтаву эътироф намудаанд. Ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ Конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсия дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки яке аз он омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия мебошад. Зеро, танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакатро вусъат бахшида, масъулияти онҳоро дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон баланд бардорем.

Бо исифода аз ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии шоиста ва сарфарозиву иқболи баланд орзу менамоем.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ