Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Екатеринбург

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Екатеринбург

09 ноябрь 2023, Четверг
382
0
Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Екатеринбург
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву тишвиқотӣ ва идеологӣ, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия қарор доранд, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, 9 ноябри соли 2023 вохӯрии Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо роҳбари Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии тоҷикон «Дидор» Мастибегим Ошурбекова, дар мувофиқа бо роҳбарияти Техникуми сохтмонии шаҳри Екатеринбург, бо донишҷӯёни тоҷики ин муассисаи таълимии касбӣ вохӯрии муфид доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ нахуст директори Техникуми мазкур Виталий Пачиков дар бораи имконот ва шароити таълимии муассисаи зикршуда суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар ин техникум зиёда аз 80 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд ва бо шароити хуби касбомӯзӣ таъмин мебошанд.

Дар идома аз ҷониби Намояндагӣ ба донишҷӯёни тоҷик доир ба зарурати иштироки фаъоли онҳо дар машғулиятҳо, бо рафтору гуфтори намунавии худ муаррифисозии шоистаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик миёни ҳамсабақон, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб суҳбати самимиву созанда гузаронид.

Тазаккур дода шуд, ки ҷавонони тоҷикистонӣ аз шароити мусоиди фароҳамовардаи Техникуми сохтмонӣ бояд хуб истифода бурда, вақти худро бештар ба илмомӯзӣ сарф намоянд, дар чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва варзишию ҷамъиятии дар муассисаи таҳсилотӣ ташкилшаванда фаъолона ширкат варзанд, қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, ба урфу одат ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ арҷу эҳтиром гузоранд.

Дар ин қарина, ҳамчун намунаи ибрат барои пайравӣ, дар бораи иштироки фаъолонаи донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Екатеринбург мисолҳои мушаххас оварда шуданд.


Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Екатеринбург

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Екатеринбург

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ