Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати “Северстал”

Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати “Северстал”

04 декабрь 2023, Понедельник
15
0
Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати “Северстал”
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати “Северстал”, ки дар самти истихроҷи маъдан ва оҳангудозӣ фаъолият менамояд, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Череповетси Федератсияи Россия даъват менамояд.

Маҳалли кор: ш.Череповетс, в. Вологда.

Дархости коргарон то 5500 нафар, аз ҷумла: сохтмончӣ, монтажчӣ (монтажник), насбгари барқ (электрик), кафшергар (сварщик), ҳамакора (разнорабочий), танзимгар (наладчик), огнеупоршик, турбинист.

Музди меҳнат вобаста ба тахассус аз 80 000 то 150 000 рублро ташкил медиҳад.

Кормандон бо ҷойи зист, се вақт хӯрок ва чиптаи ҳавопаймо таъмин мегарданд.

Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.


Телефонҳо барои тамос: +7 (964) 423-66-66, +(992 302) 23-66-66 (WhatsApp), +(992 907) 71-97-98 (WhatsApp).

Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати “Северстал”

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ