Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии ҳизб дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/2144
Бахшида ба 29 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбар ва муовинони Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, намояндагони Сафорат, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, аъзоёну собиқадорони ҳизб ва донишҷӯён ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек ифтитоҳ намуда, доир ба ин санаи муҳими таърихӣ ва тақдирсоз фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт.
Зимни суханронӣ иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли 29 соли мавҷудияташ таҳти роҳбарию ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳбубтарин нерӯи сиёсӣ ва ҳизби пешбару роҳнамо табдил ёфта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати демократию ҳуқуқбунёд, пешрафту ободии Ватан ва саодати мардуми Тоҷикистон нақши барҷаставу саҳми шоиста дорад.
Сипас, муовинони роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Самиев Исломиддин ва Дустов Комрон баромад намуда, иброз доштанд, ки воқеан, роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ дар тӯли ин 29 сол мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит кард. Исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”.
Дар идомаи ҷаласа, маърӯзачиён аз ҳисоби намояндаҳои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, аъзову собиқадорони ҳизб ва донишҷӯён қайд карданд, ки ҲХДТ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки Роҳбарияти олии кишвар дар тамоми самтҳои фаъолият ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд ва ҷиҳати истифода намудани ҳадафҳои дарпешгузошта саъю талош дорад. Аз ҷумла, дар пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош дорад.
Гуфта шуд, ки ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Дар анҷоми ҷаласа як қатор аъзои фаъоли ҲХДТ бо сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия