Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Татбиқи ҷарима бар ивази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Федератсияи Россия

Татбиқи ҷарима бар ивази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Федератсияи Россия

12 декабрь 2023, Вторник
179
0
Татбиқи ҷарима бар ивази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Федератсияи Россия
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки 11 декабри соли 2023 Кумитаи сохтмони давлатӣ ва қонунгузории Думаи давлатии Федератсияи Россия тағйиротро дар бораи хусусиятҳои иҷрои ҷазо дар шакли ихроҷ аз қаламрави Россия пешниҳод кардаст.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои воридгардида, судя метавонад бо назардошти пардохти саривақтии андозҳо, мавҷудияти манзили зист, бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, вазъи оилавӣ, муҳлати будубош дар Федератсияи Россия, намуди фаъолият ва дигар ҳолатҳо, хориҷшавиро ба ситонидани ҷарима иваз кунад.

Ҳамин тариқ, дар сурате, ки судя ихроҷи муъмуриро аз қаламрави Федератсияи Россия "маҳдудияти аз ҳад зиёди ҳуқуқ ба эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва номутаносиб ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ, инчунин дар сурати набудани давлате, ки омода аст шахси бешаҳрвандро дар қаламрави худ қабул кунад", пас ҷазо дар шакли ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми аз 40 000 то 50 000 рубл ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 150 то 200 соат таъин карда мешавад.

Дар ҳолати содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз рӯи як қатор моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, аз ҷумла: тарғиби муносибатҳои ҷинсӣ ва (ё) афзалиятҳои ғайрианъанавӣ, иваз кардани ҷинс; таблиғи педофилия ва саркашӣ кардани шаҳрванди хориҷӣ аз депортатсия, иваз кардани ҷазо ба ҷарима ғайримкон мебошад.

Тибқи ин тағйирот, судя ҳолатҳои зикршударо дар маҷмӯъ ҳангоми таъини ҷазои маъмурӣ дар бораи ихроҷи маҷбурӣ ё берун рафтани мустақили хориҷиён аз Федератсияи Россия ба назар мегирад.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ