Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён ва шаҳрвандони кишвар

Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён ва шаҳрвандони кишвар

19 декабрь 2023, Вторник
123
0
Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён ва шаҳрвандони кишвар
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷиҳати таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои муносиби корӣ дар робитаи хамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор ва мусоидати роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон омӯзиш ва таҳлили вазъи бозори меҳнати кишвари иқоматро гузаронида, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин робита, боздиди Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо роҳбари Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷикон "Дидор" Мастибегим Ошурбекова аз ҶДММ «Заводи хишт - Стройпластполимер», ки ба истеҳсоли хишти пухта машғул аст, сурат гирифт.

Зимни мулоқот бо мутасаддиёни корхона ва шиносоӣ бо шароити кории он маълум гардид, ки ҳудуди 100 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Барои кормандон тамоми шароитҳои лозима, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои будубош, ҷойи зист, либоси махсуси корӣ муҳайё карда шуда, маоши онҳо сари вақт пардохт мегардад. Музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми кори анҷомдода дар як моҳ аз 50 000,00 то 80 000,00 рублро ташкил медиҳад.

Миёни роҳбарияти корхона ва кормандон қарордоди меҳнатӣ баста шуда, бо риояи ҳама талаботи Кодекси меҳнати Федератсияи Россия барояшон реҷаи кории 2/2 аз 8:00 то 20:00 / 20:00 до 8:00 рӯз, шаб, истироҳат, 5/2 ва/ё реҷаи озод пешниҳод карда мешавад.

Ба иттилои масъулини корхона, айни замон корхона ба коргарони ёрирасон ниёз дорад ва дар ин самт мусоидати Намояндагӣ хоҳиш карда шуд.
Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос ва суроғаи электронӣ:
+7 (343) 295-88-68;
+7 (343) 295-88-38;
https://www.kz-spp.ru;
kravchenko@spp-ural.ru;
nikolaeva@spp-ural.ru.

Суроғаи корхона: шаҳри Екатеринбург, кӯчаи Бисертская 1

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 982 739 8998, +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.


Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён ва шаҳрвандони кишвар

Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён ва шаҳрвандони кишвар

Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ