Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Нижний Новгород

Дар доираи нақшаи вохӯриҳо 23 декабри соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат ва роҳбари Ташкилоти чамъиятии тоҷикони вилояти Нижний Новгород “Умед” Муминов З.О., бо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ, варзишгарон, табибону ӯстодон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Нижний Новгород фаъолияту таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ нахуст Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич изҳор дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад ва бо ин кишвари дӯст аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои судманд роҳандозӣ гардидааст, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.
Иброз гардид, ки дар шаҳри Нижний Новгород ҳудуди 15 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки зиёда аз 400 нафари онҳо донишҷӯён мебошанд.
Дар рафти сӯҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.
Ҳамзамон, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ - зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.
Дар идома, аз ҷониби корманди Намояндагӣ доир ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тағйиротҳои воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.
Қайд гардид, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати ба танзим даровардани он, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, роҷеъ ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгаро ибрози андеша гардид.
Дар идома роҳбари Ташкилоти чамъиятии тоҷикони вилояти Нижний Новгород “Умед” Муминов З.О., суханронӣ намуда, доир ба корҳои анҷомдодаи ташкилот дар давраи соли 2023 ва нақшаҳои пешбинишуда дар соли 2024 маълумоти мусассал пешниҳод намуд.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2024 кушодани мактаби шабона барои кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва рӯсӣ, толори варзишӣ ва Маркази фарҳангии тоҷикон ба нақша гирифта шудааст.
Иброз гардид, ки ташкилот дар давоми сол ба вазифаҳои дар назди худ гузошта шуда ноил гардида, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки минбаъд низ ҷиҳати расонидани кӯмакҳои худ ба ҳамватанон ва густариш додани ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Россия равнақ намоянд.
Муминов З.О., зимни суханрониаш аз ҳамкориҳои зичи ташкилот бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар фарҷомӣ вохӯрӣ роҳбари Ташкилоти чамъиятии тоҷикони вилояти Нижний Новгород “Умед” Муминов З.О., бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.