Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва Қабулгоҳи Ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеаи демократӣ ва давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.
Зимни ироаи Паём самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ барои солҳои минбаъда ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро, ки дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, дастовардҳои назаррас аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ироа гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари кормандони Намояндагӣ, аъзоёни ҲХДТ ва як гуруҳ муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кор фаъолият доранд, Паёми солонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Пас аз анҷоми Паём муҳоҷирони меҳнатӣ иброз намуданд, ки воқеъан дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, имкониятҳои васеъ барои зиндагии осоишта фароҳам оварда шудааст. Мо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани имкониятҳои созгор барои зиндагии осоишта ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён менамоем. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд тавсия медиҳем, ки Паёми солонаи Пешвои муаззами миллатро тамошо ва мутолиа намуда, сармашқи фаъолияти кори хеш намоянд.

Читайте также:

23 декабрь 2022, Пятница
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА

21 декабрь 2021, Вторник