Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати ООО “РУСАЛ Комплектатсия”

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати ООО “РУСАЛ Комплектатсия”, ки дар самти коркард ва истеҳсоли алюминий фаъолият менамояд, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳрҳои қаламрави Федератсияи Россия даъват менамояд.
Ширкати “РУСАЛ” бузургтарин корхонаи истеҳсоли алюминий буда, дар он зиёда аз 60 000 нафар кор мекунанд ва 30 корхонаи истеҳсолӣ дар қисматҳои гуногуни Россия ва ҷаҳонро дар бар мегирад.
Айни ҳол, барои бо ҷойи корӣ дар корхонаҳои шаҳрҳои Красноярск (вилояти Красноярск), Братск (вилояти Иркутск), Североуралск (вилояти Свердловск) ва Саяногорск (Ҷумҳурии Хакасия) таъмин намудан, ба 1000 нафар кормандони аз синни 20 то 50 сола, ки дорои қобилияти хуби ҷисмонӣ мебошанд, дар самтҳои гуногун ниёз доранд.
То соли 2025 бинобар сабаби ба истифода дода шудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зиёда аз 7000 нафар корманд зарур мебошанд.
Довталабон бидуни маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ ба фаъолият ҷалб мегарданд.
Музди маош ба ҳисботи миёна 75 000,00 рублро ташкил намуда, вобаста ба ҷадвали кории интихобнамуда 4/2 (7 соат), 3/2 (8 соат бо шабона), 2/2 (2/2 бо шабона) ва таҷрибаи корӣ зиёд мегардад.
Ҳамчунин, дар давоми соли ҳисобӣ ба корманд рухсатии меҳнатии 45 рӯзаи пардохтшаванда дода мешавад.
Хароҷотҳои вобаста парвоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то Федератсияи Россия, хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани патент, маблағи моҳонаи патент, ҷойи хоб ва таъмини либоси махсуси кориро корфармо ба ӯҳдаи худ мегирад.
Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: +7 (920) 382-36-50 (WhatsApp, Telegram) – Роман Грушнитский.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.

Читайте также:

24 сентябрь 2014, Среда
Корхонаи истеҳсолии вилояти Волгогради Россия шаҳрвандони тоҷикро ба кор даъват менамояд