Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Эълони ҷои кории холӣ дар Иттиҳодияҳои ташкилотҳои сохтмонии саноати атомӣ

Эълони ҷои кории холӣ дар Иттиҳодияҳои ташкилотҳои сохтмонии саноати атомӣ

05 январь 2024, Пятница
203
0
Эълони ҷои кории холӣ дар Иттиҳодияҳои ташкилотҳои сохтмонии саноати атомӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки Иттиҳодияҳои ташкилотхои сохтмонии саноати атомӣ кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ даъват менамояд.

Иттиҳодияҳои ташкилотхои сохтмонии саноати атомй холдинги бисёрсоҳавӣ буда, дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, сохтмон ва ғайра фаъолият менамояд.

Дар зертобеи Иттиҳодия зиёда аз 400 корхона ва ташкилот фаъолият намуда, дар онҳо зиёда аз 330 ҳазор нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Вобаста ба зиёд намудани самтҳо ва минтақаҳои фаъолият, айни замон Иттиҳодия ба кадрҳои баландихтисос талаботи зиёд дорад ва сиёсати ҳавасмандкуниро пеш мебарад. Пардохти музди меҳнати рақобатпазир ба кормандон, номнавишти расмии фаъолияти меҳнатӣ мувофиқи Кодекси меҳнат ва сатҳи баланди кафолатҳои иҷтимоиро (суғуртаи тиббӣ, барномаҳои кредитии корпоративӣ, барномаҳои нафақа, табобат ва истироҳат, барномаҳои оилавӣ ва ғайра) пешбинӣ менамояд.

Айни замон, барои ҷалб намудан ба минтақаҳои сохтмонии Иттиҳодия мутахассисони баландихтисос зарур мебошад. Аз ҷумла:

- бетончӣ (бетонщик) – 150 нафар;

- арматурбоф (арматурщик)– 200 нафар;

- кафшергар (сварщик) – 60 нафар;

- барқчӣ (электромонтажник) – 250 нафар.

Музди маош ба ҳисботи миёна аз 75 000,00 то 200 000,00 рублро ташкил менамояд.

Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: +7 (903) 136-81-83 – Фролов Александр Викторович.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ