Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024

Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024

06 январь 2024, Суббота
214
0
Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024
6 январи соли 2024 ҷаласаи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайати қаблии Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ бо баъзе тағйирот тасдиқ гардид.

Соҳибкорону ходимони муваффақи ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими шаҳрҳои россиягии Сургут ва Екатеринбург Мирзодавлат Маҳмадрасулзода Миршарифов, Зуҳал Зуҳурзода Муродов, Салим Абдуғанизода Ӯлмасов ва рӯзноманигори давлатмеҳвари сокини пойтахти уралӣ Фарҳод Миркамолзода Мирҷамолов ба ҳайси аъзои нави Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ интихоб гардиданд.

Теъдоди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ аз 18 нафар ба 21 нафар расонда шуд.

Ҳар як узви Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ ба самтҳои муайяни корӣ вобаста карда шуд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, ходими фаъолу шинохтаи маҳаллии ҷамъиятӣ Ёқубҷон Умаров ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, соҳибкору ходими шоистаи ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими шаҳри россиягии Сургути Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск (Югра) Мирзодавлат Миршарифов муовини раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ ва котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов котиби Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ бо раъйи якдилонаи аъзои Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ тасдиқ гардиданд.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ лоиҳаи Нақшаи кории онро дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода, бо баъзе иловаҳо, тасдиқ намуданд.

Аксарияти кулли аъзои Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ дар мубодилаи озоду созандаи афкор иштирок намуда, ибрози назару пешниҳодоти хеш карданд.

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии (таҳҷоии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.Тазаккур ёфт, ки, мутаассифона,то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Россия ба мушоҳида мерасанд.ӣАз ҷумла, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯъ пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд. Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар як узви Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад. Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрам оид ба такмили минбаъдаи ҳамкории муассисаи консулӣ бо аъзои Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд.

Консули генералӣ, раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ-зодагони Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, амалисозии чорабиниҳои гуногун ба хотири мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ба шароиту воқеияти россиягӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии дурусту густурдаи фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Россия махсус таъкид намуд.


Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024

Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024

Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024

Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024

Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2024

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ