Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Владимир

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Владимир

19 январь 2024, Пятница
315
0
Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Владимир
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар доираи нақшаи вохӯриҳо 17 январи соли 2024 вохӯрии Намояндагӣ якҷоягӣ бо намоянда ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Орзу”-и вилояти Владимир – Раҳматуллоев Ҷумъа Асатович дар Хонаи дӯстии халқҳои шаҳри Владимир бо ҳамватанон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини вазири сиёсати дохилии вилояти Владимир, сардори шуъбаи муносибатҳои байнимиллатҳо ва ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ - Анисимова Елена Владимировна, Раиси Ассамблеяи халқҳои вилояти Владимир - Утсиев Абос Ховкаевич, директори Хонаи дустии халкҳои вилояти Владимир - Муравёва Лариса Мурадовна ва намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ нахуст корманди Намояндагӣ изҳор дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад ва бо ин кишвари дӯст аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои судманд роҳандозӣ гардидааст, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.

Дар рафти сӯҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.

Дар идома, ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тағйиротҳои воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.

Дар ин радиф вобаста ба фармони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз 05.09.2023, №655 "Дар бораи муқаррар кардани шакли огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ е шахси бешаҳрвандӣ, ки патент гирифтааст ва Тартиби пешниҳоди чунин огоҳинома ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст", тағйирот дар бораи хусусиятҳои иҷрои ҷазо дар шакли ихроҷ аз қаламрави Россия ва ғайраҳо маълумот дода шуд.

Дар рафти суханронии худ, Анисимова Е.В., барои ҳамкориҳои муштарак ва самарабахши мақомотҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират изҳори хушнудӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф ибрози назар намуданд.

Дар идома, аз ҷониби аъзои ҲХДТ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардуми бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид. Тазаккур ёфт, ки мутаассифона, то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Россия ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯъ пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд. Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар шаҳрванд бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад. Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.

Масъалаи дигаре, ки зимни вохӯрӣ корбарӣ гардид, ин зарурати андешидани тадбирҳои муассир дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ - зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои мубрам оид ба такмили минбаъдаи ҳамкории Намояндагӣ бо аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд.


Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Владимир

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Владимир

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ