Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати ҶДММ “РН-Бурение”

Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати ҶДММ “РН-Бурение”

24 январь 2024, Среда
559
0
Эълони ҷойи кори холӣ дар ширкати ҶДММ “РН-Бурение”
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати ҶДММ “РН-Бурение” кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳрҳои қаламрави Федератсияи Россия даъват менамояд.

Ширкати мазкур зермаҷмуъи ширкати “НК “Роснефт” мебошад ва фаъолияти аслии он кофтани чоҳҳои нафту газ дар иншоотҳои истеҳсолии ширкати “Роснефт” дар тамоми минтақаҳои Россия мебошад.

Ширкат соҳиби 11 намояндагӣ дар минтақаҳои Федератсияи Россия буда, аз ин лиҳоз байни ширкатҳои пармакунандаи чоҳҳои нафт ҷойи аввалро дорад.
Вобаста ба васеъ шудани ҳаҷми талабот, ширкат барои иҷрои корҳо дархости коргар аз Тоҷикистон намудааст.

Ихтисосҳое, ки мавриди назари ширкат мебошанд:

– устоди ҳаффорӣ (мастер буровой);

– ҳаффори чоҳҳои нафту газ, дараҷаи 6, 7 ва 8 (бурильщик эксплуатақионного и разведочного бурения скважин на нефть и газ 6, 7 и 8 разряда);

– оператори дастгоҳи ҳаффорӣ дараҷаи 4, 5 ва 6 (машинист буровых установок на нефть и газ 4, 5 и 6 разряда);

– оператори таҷҳизоти борбардор дараҷаи 6 (машинист подъёмника 6 разряда)

– ёрдамчии ҳаффори чоҳҳои нафту газ дараҷаи 4, 5, 6 ва 7 (помощник бурильщика эксплуатационного и разведовательного бурения скважин на нефть и газ 4, 5, 6 и 7 разряда)

– ёрдамчии устоди ҳаффорӣ (помощник мастера буровой)

– устои таъмир ва нигоҳдории дастгоҳи ҳаффорӣ дараҷаи 5 ва 6 (слесарь по обслуживанию буровых машин 5 и 6 разряда)

– кафшергари барқ ва газ (электрогазосварщик)

– кафшергари барқу газ, ҷушкори дастӣ дар ҳаффорӣ, дараҷаи 5 ва 6 (электрогазосварщик, ручной сварки, работающий на буровой машине 5 и 6 рязряда)

– барқчӣ дастгоҳи ҳаффорӣ дараҷаи 5 ва 6 (электромонтёр по обслуживанию буровых машин 5 и 6 разряда).

Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

Тел: + 7 499 517 76 30 (шумораи илова 48017)
+7 499 517 76 30 (шумораи илова 47085) Савка Игорь Анатольевич.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ