Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург

Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург

31 январь 2024, Среда
465
0
Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург
Дар доираи нақшаи вохӯриҳо 29 январи соли 2024 боздиди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал дар якҷоягӣ бо раиси комиссияи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба фаъолияти байнипарлумонӣ Вячеслав Вегнер, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастибегим Ошурбекова, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Горнистов 15/4 баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин мушовири Омбудсмени минтақаи Урали Миёна Элина Руденкина, ёвари раиси комиссияи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба фаъолияти байнипарлумонӣ Владимир Кузнецов, муовини сардори Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург Александра Кузнетсова ва сардори Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург Евгений Ковшов ширкат доштанд.

Дар рафти мулоқот, масъалаи зарурати тарки ҳарчӣ зудтари боздоштгоҳи муваққатӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин Марказ нигаҳдорӣ мешаванд, табодули афкор сурат гирифт.

Аксари иштирокчиёни вохӯрӣ ибтикори бидуни нигаҳдории қаблӣ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, яъне мустақилона ба Ватан баргаштани қоидашиканҳои маъмуриро аз ҳисоби занони ҳомиладор ва занони соҳиби кӯдакони ноболиғ пуштибонӣ карданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки алҳол муҳлати боздошти шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург ба ҳисоби миёна ба андозаи 6 рӯз кам карда шудааст.

Пас аз анҷоми мулоқот дар дафтари кории Евгений Ковшов вохӯрӣ бо бошандагони он, аз ҷумла бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир гардида, ба саволҳояшон посух дода, бо онҳо перомуни мавзӯъҳои марбут ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда гуфтугӯ намуданд.


Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург

Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург

Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург

Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ