Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Тарзи пешниҳод намудани огоҳинома дар бораи фаъолияти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ

Тарзи пешниҳод намудани огоҳинома дар бораи фаъолияти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ

02 февраль 2024, Пятница
664
0
Тарзи пешниҳод намудани огоҳинома дар бораи фаъолияти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 7 январи соли 2024 шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки патенти меҳнатиро ба расмият медароранд, ӯҳдадоранд дар давоми ду моҳ аз рӯзи таҳияи патент ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия дар бораи оғози фаъолияти меҳнатӣ ба таври хаттӣ огоҳинома пешниҳод намоянд.
Ба огоҳинома нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ барои иҷрои корҳои (хизматрасонӣ) байни корфармо, фармоишгари корҳо ва шаҳрванди хориҷӣ замима карда мешавад ё дар огоҳинома маълумот дар бораи шартномаи ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо дар сурати бастани он дар шакли шифоҳӣ хабар дода мешавад.
Ҳамзамон, огоҳиномаро метавон тавассути Почта ва махзани хидматрасони давлатӣ (портал “Госуслуги”) супорид.
Огоҳнома бояд бо даст ё бо истифода аз воситаҳои техникӣ (машинаҳои чопӣ, компютер) ба забони русӣ ба таври возеҳ ва ҳуруфҳои калон пур карда шавад. Ҳангоми хонапурии огоҳинома ба ислоҳот, хат кашидан ва истифодаи калимаҳои ихтисоршуда (ба истиснои калимаҳои расмӣ) роҳ дода намешавад.
Дар қисмати аввали огоҳинома номи мақомоти ҳудудии ВКД-ро дар минтақаи худро, ки ба он ҷой огоҳинома супорида мешавад, дарҷ намоед. Шумо метавонед номи ин ниҳодро дар сомонаи расмии Раёсати Вазорати корҳои дохилии минтақа пайдо намоед.
Агар огоҳинома бевосита ба мақомоти ҳудудии ВКД пешниҳод карда шавад, ба огоҳкунанда маълумотнома дода мешавад.
Ҳангоми супоридани огоҳинома тавассути портали “Госуслуги”, ба огоҳкунанда дар давоми на бештар аз як рӯзи корӣ пас аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи қабули он паёмак фиристода мешавад.
Агар дар давоми ду моҳ огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод карда нашавад, пас патенти шаҳрванди хориҷӣ (бе огоҳӣ) бекор карда шуда, мӯҳлати будубоши ӯ дар қаламрави Россия кам карда мешавад. Ҳангоми бекор кардани патент, патенти навро танҳо пас аз як сол аз рӯзи бекор гардидан ба расмият даровардан мумкин аст.
Торнамо барои дастрас намудани нусхаи электронии огоҳинома:

https://www.consultant.ru/.../cons.../attach_LAW_458714_1/


Тарзи пешниҳод намудани огоҳинома дар бораи фаъолияти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ

Тарзи пешниҳод намудани огоҳинома дар бораи фаъолияти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ

Тарзи пешниҳод намудани огоҳинома дар бораи фаъолияти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ