Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Қазон

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Қазон

06 февраль 2024, Вторник
723
0
Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Қазон
Дар доираи нақшаи вохӯриҳо 4 феврали соли 2024 дар Маркази савдои “ПОРТ”-и шаҳри Қазон, воқеъ дар кӯчаи Оренбургский тракт, 160 мулоқоти намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Приволжие ва муовини роҳбари Ташкилоти чамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон – Ҷонибеков Миралӣ бо муҳоҷирони тоҷик баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ нахуст корманди Намояндагӣ изҳор дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад ва бо ин кишвари дӯст аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои судманд роҳандозӣ гардидааст, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.

Дар рафти сӯҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззам ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.

Дар идома, аз ҷониби корманди Намояндагӣ доир ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тағйиротҳои воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.

Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, роҷеъ ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ибрози андеша гардид.

Ҳамчунин, масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат, барасмиятдарории шахсони ғайриқонунӣ иқоматдошта, тартиби барасмиятдарории будубош ва дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Зикр гардид, ки дар кишвари будубош тартиби иқомат ва барасмиятдарории будубошро ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бояд риоя намоянд.

Таъкид карда шуд, ки тибқи муқаррароти қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ шаҳрвандоне, ки дар муноқишаҳои гурӯҳӣ иштирок менамоянд ва ё ба таври гурӯҳӣ тартиботи ҷамъиятиро риоя намекунанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии Федератсияи Россия нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, вуруди онҳо ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба Федератсияи Россия манъ карда мешавад.
Чунин амалҳои шаҳрвандон шаъну шарафи тоҷиконро доғдор намуда, имиҷи миллати тоҷикро паст мезанад.

Ҳамзамон, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ - зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.
Дар идома роҳбари Ташкилоти чамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон – Ҷонибеков Миралӣ суханронӣ намуда, доир ба корҳои анҷомдодаи ташкилот дар давраи соли 2023 ва нақшаҳои пешбинишуда маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид намуд, ки минбаъд низ ҷиҳати расонидани кӯмакҳои худ ба ҳамватанон ва густариш додани ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Россия талош намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби муҳоҷирон ба Намояндагӣ саволҳо пешниҳод карда шуда, ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.


Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Қазон

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Қазон

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ