Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён дар шаҳри Нижний Новгород

Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён дар шаҳри Нижний Новгород

04 март 2024, Понедельник
812
0
Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён дар шаҳри Нижний Новгород
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷиҳати таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои муносиби корӣ дар робитаи хамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор ва мусоидати роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон омӯзиш ва таҳлили вазъи бозори меҳнати кишвари иқоматро гузаронида, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин робита, санаи 29 феврали соли 2024 вохӯрии Намояндагӣ бо Василий Анатолевич - муовини роҳбари ҶСК “Роҳи оҳани Россия” дар шаҳри Нижний Новгород баргузор гардид.

Зимни мулоқот бо Василий Анатолевич ва шиносоӣ бо шароити кории он маълум гардид, ки айни ҳол корхона ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз дошта, имкони ҷалби беш аз 500 нафар кормандро доранд ва дар ин самт мусоидати Намояндагӣ хоҳиш карда шуд.

Ҳамчунин, имкон фароҳам оварда шудааст, ки ба кор донишҷӯён низ ҷалб карда шуда, баъд аз омӯзиши курси кӯтоҳмуддат ва гирифтани сертификати мутахассис ба ҷои кори доимӣ ва музди зиёда аз 100 ҳазор рубл таъмин карда шаванд. Дар ҳолати бе омӯзиш ба кор ҷалб гардидан, музди меҳнат ба ҳисоби миёна аз 50 то 60 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Барои кормандон тамоми шароити лозима муҳайё карда шуда, бо ҷойи хоб таъмин мегарданд ва музди меҳнат сари вақт пардохт карда мешавад.
Миёни роҳбарияти корхона ва кормандон қарордоди меҳнатӣ баста шуда, ҳама талаботҳои Кодекси меҳнати Федератсияи Россия риоя карда мешаванд.

Дар фарҷом, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкорӣ ва мусоидат ҷиҳати рушди робитаҳои дуҷониба ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ