ТАБРИКОТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Бонувони гиромӣ!
Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону хоҳарони азизро самимона табрик мегӯем ва ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоем.
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.
Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.
Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки тайи сиву ду соли истиқлоли давлатӣ занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.
Мутмаинем, ки модарону бонувони мо минбаъд низ баҳри ободии Ватан заҳмат кашида, ҷашни бузурги миллӣ – истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд.
Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза Шуморо бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба Шумо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоем.
Ҷашн муборак бошад, бонувони азиз!