Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъоли мактабҳои олии шаҳри Екатеринбург

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъоли мактабҳои олии шаҳри Екатеринбург

12 март 2024, Вторник
969
0
Вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъоли мактабҳои олии шаҳри Екатеринбург
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади пайгирии вазъият миёни донишҷӯёни тоҷики дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсилдошта, ҳамзамон ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои номатлуб дар доираи нақшаи вохӯриҳо санаи 9 марти соли 2024 вохӯрӣ бо роҳбарони донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои олии шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо иштироки корманди Намонядагӣ дар Ҳавзаи федералии Урал, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург, аъзои фаъоли Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва роҳбарони донишҷуёни тоҷики мактабҳои олии ва донишҷуёни фаъол минтақа дар бинои муассисаи консулӣ доир карда шуд.

Зимни суханрониҳо оид ба рисолати имрӯзаи донишҷӯён, муносибати онҳо ба Ватану кишвари иқомат, роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар макотиби олию миёнаи махсуси касбии минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби донишҷӯёни тоҷикистонӣ риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии (таҳҷоии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша карданд. Тазаккур ёфт, ки, мутаассифона, то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии Россия ба мушоҳида мерасанд. Чунончӣ, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯъ, пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони чаласаводу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд. Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар як узви Гурӯҳи донишҷӯёни пешоҳанги назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарӣ бояд саъю кӯшиш намояд, то дар макони таҳсилу фаъолияти ҷамъиятиаш миёни ҷавонони тоҷикистонӣ вобаста ба масъалаҳои дурӣ ҷустани онҳо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо, даст назадан ба истеъмолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамроҳ нашудан ба сафи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва риояи қонунгузорӣ дар кишвари иқомат корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.

Ба донишҷӯёни тоҷик бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомату таҳсил аз пайи донишандӯзӣ, фаъолияти ҷамъиятии муфиду созанда ва ободии Ватани хеш бошанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрам оид ба роҳандозию густариши ҳамкории намояндагиҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Гурӯҳи пешоҳанги донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии Ҳавзаи федералии Урал, самту шаклҳои ин ҳамкориҳо мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд. Дар ин самт тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони донишҷӯйи тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии дурусту густурдаи фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Россия махсус таъкид гардид.

Дар вохӯрии баргузоршуда дар баробари доир намудани суҳбати фаҳмондадиҳӣ, ҳамзамон дар назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург Гурӯҳи пешоҳанги донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии Ҳавзаи федералии Урали Россия таъсис ёфт. Инчунин тасмим гирифта шуд, ки гуруҳи алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоии востап ва телеграм таъсис дода шуда, ба он роҳбарони донишҷӯёни донишгоҳҳои минтақаи Урал ҳамроҳ карда мешаванд. Ба ҳамин восита алоқаи доимӣ бо донишҷӯёни тоҷики минтақа барқарор гардида, равандҳои дар байни онҳо ҷойдошта пайгирӣ мешаванд ва хабару гузоришҳои маҳкумкунандаи терроризм ва эктремизм ба воситаи ҳамин равзана интишор мегарданд.


Вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъоли мактабҳои олии шаҳри Екатеринбург

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъоли мактабҳои олии шаҳри Екатеринбург

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ