Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба иди саиди Фитр

Табрикот бахшида ба иди саиди Фитр

09 апрель 2024, Вторник
667
0
Табрикот бахшида ба иди саиди Фитр
Ҳамватанони гиромӣ!

Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯем.

Ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол ва таҷлил менамоем.

Моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.

Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.

Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.

Бори дигар фарорасии иди саиди Фитр¬ро ба Шумо табрик намуда, ба ҳар як хонадони Шумо сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодати зиндагӣ, файзу баракати фаровон ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоем.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ