Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Кировоград

Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Кировоград

29 апрель 2024, Понедельник
799
0
Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Кировоград
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, санаи 26 апрели соли 2024 мулоқоти Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, Шӯрои ҳавзавии ҳамоҳангсозии нази Консулгарӣ ва фаъолони Ҷамъияти тоҷикон "Сомон", аз ҷумла Нигматов Иноят Ғайратович бо тоҷикони шаҳри Кировогради вилояти Свердловск, дар бинои масҷиди ин шаҳр баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки дар ташкили вохӯрии мазкур яке аз фаъолони Ҷамъияти тоҷикон "Сомон" Нигматов Иноят Ғайратович (ҳоҷи Саид) саҳми арзанда доштанд.

Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории кишвари иқомат ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумӣ (таҳҷоӣ), дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.

Тазаккур ёфт, ки мутаассифона, то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Россия ба мушоҳида мерасанд. Чунончӣ, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯъ пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд.

Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар як фаъоли ҷамъиятӣ бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад. Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.

Дар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ дар кишвари иқомат иштироки фаъолона дошта бошанд ва давлату миллати худро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон мубодилаи озоду созандаи афкор сурат гирифт. Ҳамватанон дар хусуси дуруст намудани ҳуҷҷатҳои буду бош ва тарзи дастрас намудани баъзе ҳуҷҷатҳои лозима аз Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург суолҳо намуда, ҳамзамон ибрози назару пешниҳодоти хешро карданд.


Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Кировоград

Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Кировоград

Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Кировоград

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ