Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

Табрикот бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

01 май 2024, Среда
806
0
Табрикот бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

«Бузургтарин сарвати Тоҷикистон халқи меҳнатдӯст, мардуми ҷӯяндаву бунёдкор ва бофарҳангу соҳибтадбири мо мебошад»


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Ҳамватанони гиромӣ!

Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморо бо Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон табрик менамоем.

Воқеан, меҳнатро шарафи инсонӣ мешуморанд ва меҳнати поквиҷдонона дар ҳамаи давру замон ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ қадр дорад ва дар баробари он подоши арзандаро молик аст. Аз ин рӯ ҷашн гирифтани Рӯзи якдилии меҳнаткашон ин арҷгузорӣ ба заҳмату кӯшишҳои инсони заҳматкаш мебошад, ки то бо рӯҳияи болидаву табъи хуш меҳнат кардан ҳамеша ҳамрадифи зиндагониаш бошад.

Бори дигар Шуморо бо Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 май самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии шоиста, сарфарозиву иқболи баланд ва дар фаъолияти меҳнатиатон бурдбориҳои беназирро таманно менамоем.

Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон муборак бошад!

******************

От имени Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции поздравляем Вас с Международным Днём солидарности трудящихся! Пусть этот праздник будет наполнен радостью, теплом и солидарностью.

Весна и Труд дают новые силы и объединяют разные поколения. Этот праздник по-прежнему олицетворяет солидарность трудящихся, символизирует единство и сплочённость всех созидательных сил, объединённых общим стремлением к миру, стабильности, благополучию, счастью и устойчивому развитию страны.

Желаем Вам мирного труда, крепкого здоровья, благополучия в каждом доме и доброго весеннего настроения.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ