Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар вилояти Ленинград

Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар вилояти Ленинград

07 май 2024, Вторник
705
0
Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар вилояти Ленинград
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, санаи 4 майи соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи ҳамватанони бурунмарзӣ сафари Намояндагӣ, Консули генералии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург Назарӣ Ҳ.Т. ва Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Ф.Х. ба корхонаи коркарди металл - ҶДММ «ПРОМЕКС», воқеъ дар минтақаи «Сосновый Бор»-и вилояти Ленинград доир гардид.

Корхонаи мазкур аз ҷониби шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон Қурбонов Умедҷон роҳбарӣ гардида, дар он ҳудуди 300 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор таъмин гардидаанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо шароити кор дар корхонаи мазкур шиносоӣ пайдо карда шуда, баъдан мулоқот бо роҳбарияти корхона ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир карда шуд.

Маоши коргарон вобаста ба вазифаи ишғолкарда аз 140 то 200 ҳазор рублро ташкил дода, кормандон бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо ҳамватанон ба масъалаҳои вазъияти ҳассоси ҷамъиятӣ-сиёсии минтақа ва дар ин асос зарурати ҳатмии риояи қатъии қонунгузорӣ ва эҳтироми фарҳанги кишвари иқомат, Худдорӣ аз воридшавӣ ба ҳар гуна саҳифаҳои мансуб ба созмонҳои террористӣ-экстремистӣ, ҳамчунин зарурати эҳтиёткорӣ дар интиқоли маблағ ба нафарони сеюм таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар идома вобаста ба батартибдарории ҳуҷҷатҳои будубош ва патенти корӣ, баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва бунёди чунин корхонаҳои коркарди метал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо дода шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бо иштирокдорони чорабинӣ саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои мубрам ва мушкилиҳои ҷойдоштаи нафарони алоҳида доир карда шуд.


Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар вилояти Ленинград

Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар вилояти Ленинград

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ