Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»

Табрикот бахшида ба «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»

08 май 2024, Среда
784
0
Табрикот бахшида ба «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»
Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамватанони азиз!

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо афзун мегардад. Рӯзи Ғалаба низ дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ боқӣ монда, барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Дар солҳои 1941-1945 ҷанговарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона ширкат варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи иштирокчиёни майдони набардҳоро доимо қадрдонӣ намуда, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифодагари таърихи зиндаи халқ мебошад. Дар он маънои пирӯзиву ғалаба, ватандӯстиву озодихоҳӣ, ҷасорату фидокорӣ, ҷонбозиву марг ифода ёфтаанд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисли шоҳсутуне мебошанд, ки ҷомеаи моро мустаҳкам нигоҳ дошта, насли ҷавонро барои вориси асили бузургмардони гузашта гардидан омода месозанд. Корнамоии онҳо баҳри ҳимоя ва ҳифзи хоки Ватан, барои тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон як китоби пурарзиши панду ҳикмат буда, ҳар як сатри он роҳкушо ва роҳнамои насли ояндаи кишвар мебошад.

Мо мақсаду мароми асосии худро баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори номи фарзанди фарзонаи миллат ва халқ бошем.

Бигузор ҷавонони ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ қувваи худро танҳо барои ободӣ ва пешравии Ватани хеш сарф намоянд.

Аз ин лиҳоз, ин рӯзи хотирмонро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати Ҷашни 79-умин солгарди «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.

************************ 
Поздравление с Днем Победы в Великой Отечественной войне

Уважаемые ветераны Великой Отечественной войны и дорогие соотечественники!

В истории человечества есть даты, когда с годами их значение и величие возрастают. День Победы остается неизменным для всего человечества, в том числе и для нас, для таджиков.

В 1941-1945 годах граждане Республики Таджикистан мужественно участвовали в боях Великой Отечественной войны и проявили беспримерный героизм.

Правительство Республики Таджикистан под руководством Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона, всегда ценит заслуги участников поля сражений и проявляет к ним заботу.

Лозунг «Никто не забыт, ничто не забыто» олицетворяет живую историю народа. В нем выражены значение победы и отваги, патриотизма, храбрости и самопожертвования, жизни и смерти.

Участники Великой Отечественной войны подобны столпу, на которых держится наше общество и готовят молодое поколение к тому, чтобы стать наследниками великих людей прошлого. Их труд по защите Родины, для патриотического воспитания подрастающего и молодого поколения является ценной книгой, а каждая строчка в ней – путеводителем и ориентиром для подрастающего поколения страны.

Мы ставим перед собой главные цели и задачи по созиданию и творчеству дорогого Таджикистана, и стремимся быть достойными имени нации и народа.

Пусть будущая молодежь Таджикистана с таким большим чувством патриотизма и национальной гордости тратит свои силы только на процветание и прогресс своей Родины.

В связи с этим, в этот памятный день поздравляем с 79-летием «Дня Победы в Великой Отечественной войне», и желаем мира, добра и процветания.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ