Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

09 июль 2024, Вторник
877
0
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иқдоми ба Федератсияи Россия сафар намудан доранд, расонида мешавад, ки ба хотири санҷиши пеш аз сафар дар шаҳри Душанбе Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро оғоз намудааст.

Бояд қайд кард, ки феълан убури марзи Россияро ба шаҳрвандоне, ки нисбаташон қарор вобаста ба ихроҷи маъмурӣ ё ин ки манъи воридот қабул шудааст ва аксар худи шаҳрвандон огоҳ нестанд, рад менамоянд.

Аз ин лиҳоз, таклиф мегардад, ки пеш аз сафар ба Россия шаҳрвандон вазъи ҳуқуқии худро бо мусоидати Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян созанд ва ҳамзамон барои дарёфти минбаъдаи патент расмиёти бақайдгирии давлатии изи ангуштро гузаранд.

Маълумотномаи МФВД “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД ФР имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бе хавфи гирифтор шудан ба санҷишҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ вориди Федератсияи Россия шуда, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти кориро дастрас намоянд ва шурӯи кор гарданд.

Бояд дар ёд дошт, ки пеш аз оғози сафар такмил додани сатҳи донистани забони русӣ ва қонуну қоидаҳои кишвари иқомат ба манфиати кор мебошад.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ