Мулоқоти судманд бо вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия

Санаи 24 июли соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муғочират бо раиси комиссияи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба фаъолияти байнипарлумонӣ Вячеслав Вегнер ва муовини кумитаи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба сиёсати аграрию заминсозӣ, директори генералии заводи шири шаҳри Ирбити вилояти Свердловски Федератсияи Россия Григорий Бачериков баргузор гардид.
Зимни суҳбат Григорий Бачериков ба унвони намояндагони ҷониби тоҷикистонӣ дархосташро оид ба мусоидат ба ҷалби неруи корӣ дар корхонаи шири шаҳри Ирбит ва корхонаҳои кишоварзии бо он алоқаманд изҳор дошт.
Дар ин қарина ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорат дар бораи хусусиятҳо ва натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои болозикр, шароити истеҳсолӣ ва иҷтимоии фаъолияти кормандон ва шаклҳои ҳавасмандгардонии моддию маънавии онҳо, имконоти такмили ихтисос дар техникуми маҳаллӣ ва таъмини ҷойи зисти коргарони нави оиладор маълумоти дақиқу муфассал дода шуд.
Намояндагони ҷониби тоҷикистонӣ ба вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Россия барои вохӯрӣ ва таклифҳо изҳори сипос намуданд ва омодагиашонро ба мусоидат дар ҳаллу фасли мусбати масъалаи баррасишуда иброз доштанд.