Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия

Қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия

07 июль 2014, Понедельник
2 741
0
Қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар                                қаламрави Федератсияи Россия

1. Қонуни федералӣ таҳти № 321-Ф3 «Оид ба дохил намудани тағйироту иловаҳо ба моддаи 26 қонуни федералӣ «Оиди тартиби воридот ба Федератсияи Россия ва баромад аз Федератсияи Россия» қабул шуд, ки он аз 1 январи соли 2013 амалӣ гардида тибқи он имконияти манъ намудани воридот ба Федератсияи Россия дар муддати се сол ба шаҳрвандони хориҷие,ки қаблан дар давраи будубоши худ дар Федератсияи Россия то ба охир расидани муҳлати 30 шабонарӯзаи буду боши муваққатии худ (90 шабонарӯз) қаламрави Федератсияи Россияро тарк накардааст, муайян шудааст. Яъне, агар шаҳрванди хориҷӣ, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ намудан ба Федератсияи Россия ворид шуда худро ба қайди муҳоҷират дар мақомоти минтақавии Хадамоти муҳоҷирати Россия гузоштааст, лекин дар муддати се моҳ санадҳои расмӣ барои фаъолияти меҳнатӣ – иҷозотномаи кор ё патент нагирифтааст, дар муддати 30 шабонарӯз агар ягон сабаби фавқулодда надошта бошад, яъне бо истиснои њолатњои табобати ољилї, бемории вазнин ё ин, ки марги хешу табори наздик- истиќоматкунадаи ФР, ё ин, ки дар њолатњои дигар марбут ба офатњои табиӣ, ки имконияти баромадан аз њудуди ФР надоранд боядқаламрави Федератсияи Россияро тарк кунад. Дар сурати берун нашудан азқаламрави Федератсияи Россия шаҳрванди хориҷӣ вайронкунандаи қонунгузории муҳоҷиратӣ Россия ба ҳисоб меравад.
2. Қонуни федералӣ «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонуни ФР «Дар бораи низоми њуќуќии буду боши шањрвандони хориљї дар ФР» ба қабул шуд, аз 01.12.2012 мавриди амал ќарор дода шуд. Дар ќонуни мазкур муќаррар карда шудааст, ки муњољирони мењнатие, ки дар соњањои њољагии коммуналӣ, хизматрасонї ва савдои чакана кору фаъолият менамоянд, бояд ќабл аз гирифтани иљозатномаи кор сертификат оид ба донистани забони русї дошта бошанд. Ин намуди Сертификат донистани забони русї дар сатњи базавї, накамтар аз њаштсад калимаро дар бар гирифта, маблаѓи он аз се њазор то панљ њазору паљсад рублро ташкил медињад..Аз соли2015 тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки мақсади бурдани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия доранд бояд ҳатман аз донистани забони русӣ имтиҳон супоранд.
3. Қонуни ФР «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба моддаи 322 ќ 1 Кодекси љиноятии Федератсияи Россия» қабул шуд, ки тибқи он пурзӯр намудани масъулият барои ташкили ғайриқонунии убури сарҳади Федерацияи Россия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бо њуљљати ќалбакї, будубоши ғайриқонунии онҳо Федератсияи Россия дар назар гирифта шудааст. Барои ин љиноят љарима ба маблаѓи то сесад њазор рубл ё ситонидани маблаѓи даромади дар давраи 18 моњи охир ба даст овардааш ё корњои иҷборӣ ба муњлати то 400 соат, ё корњои ислоҳӣ ба муњлати ду сол бо мањдуд кардан аз озодӣ ба муњлати як сол, ё ин ки мањрум сохтан аз озодӣ ба муњлати панљ-ҳафт сол бо мањдуд кардан аз озодӣ ба муњлати то ду сол, муќаррар карда шудааст.
4. Қонуни ФР «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба моддаи 322 ќ 2 Кодекси љиноятии Федератсияи Россия» , ки тибқи он ба шахсоне, ки ќаблан вориди сарњади давлатии Федерацияи Россия манъ карда шудааст, лекин онҳо убури ғайриқонунии сарњади давлатии Федератсияи Россия кардаанд, њамчун љавобгарии љиноятї муљозот ба андозаи сесад њазор рубл ё ин, ки корњои иљборї ба муддати 4 сол ё ин, ки мањрумият аз озодї ба муњлати 4 сол муќаррар карда шудааст.
5. Мутобиќи таѓйироти ќонунњои федерали «Оид ба ќайди давлатии дактилоскопӣ дар Федерацияи Россия» ва «Оид ба низоми њуќуќии шањрвандони хориљї дар Федерацияи Россия» аз 1 январи соли 2013 ба категорияи зерини шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандӣ гузаштани ќайди дактилоскопї, яъне ќайди пайи ангуштони даст зарур мебошад, шахсоне, ки нисбати онњо барои фаъолияти мењнатї дар Федератсияи Россия иљозатномаи кор ё ки патент дода мешавад, шахсоне, ки дар ФР хилофи ќонунгузорї кору фаъолият мекунанд ва шахсоне,ки ба маќомоти иљроияи Њокимияти мањаллии њудудӣ, маќомоти ваколатдори назорат ва танзими соњаи муњољират бо дархости гирифтани нусхаи иљозатномаи кор, корти муњољиратӣ, иљозатнома барои иќомати муваќќатї, иљозатномаи иќомат ё ки вараќаи огоњї оид ба воридот бар ивази њуљљатњои гумшуда ё корношоям гардида мурољиат кунанд.
То ҷорӣ шудани талаботи қонун оиди ҳатман гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ќайди дактилоскопї,шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистоне, ки ҳамчун вайронкунандаи қонунгузории кишвари иқомат ба Федератсияи Россия дигар ҳуқуқи ворид шуданро надоштанд, дар Тоҷикистон шиносномаи навро бо ному насаби дигар гирифта ( тағйири ному насаб) ба қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ ворид мегаштанд. Акнун ба ин гуна шахсон барои убури ғайриқонунии сарҳади Россия ҷазои сахт, пешбинӣ шудааст.
7. Ќонуни федералї оид ба ворид намудани таѓйироту иловањо ба Ќонуни ФР аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи њуќуќи шањрвандони ФР оид ба таѓйири озодонаи будубош ва чойи иќомат дар њудуди ФР», ки он аз 1 январи соли 2014 мавриди амал ќарор гирифт. Дар воситаи ахбори омма ин навовари ба истилоњ «резиновая квартира» номида шудааст. Тибќи он баќайдгузории муњољиратии ќалбакии шањрвандони хориљї ва шахсони бетабаа дар мањали будубош ва хонаи истиќоматї дар ФР муљозот бо ситонидани љарима то мањдуд кардани озодии айбдоршаванда муайян карда шудааст. Дар асоси меъёрњои санади мазкур ба ќонунвайронкунанда, љарима ба маблаѓи аз 100 то 500 њазор рубл, ё музди мењнат ё дигар даромади айбдоршаванда да тўли се соли охир, ё кори иљборї ба мўњлати то се сол бо манъ кардани ишѓоли мансаб ё фаъолият ва ё аз озодї мањрум кардан ба муддати то се сол пешбинї шудааст.
9. Думаи давлатї ба ќисми 1 моддаи 27 Ќонуни федералї аз 15 августи соли 1996 №114-ФЗ «Оид ба тартиби воридот ба ФР ва беруншавї аз ФР» таѓйирот ворид намуд, ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал ќарор мегирад. Тибќи он шањрванди хориљї ва шахси бетабаа дар давоми будубоши ќаблиаш дар ФР мўњлати 90 рўзро дар давоми њар як давра ба мўњлати 180 рўз гузаронидааст, воридоти навбатии ў ба мўњлати се сол баста мешавад. Яъне шањрванди хориљие, ки ба ФР бе раводид дохил мешавад, дар давоми се моњ фаъолияти мењнатиашро бояд ќонунї кунад, вагарна баъди њар се моњ сарњади Россияро убур карда боз аз нав будубошро ќонунї намудан, дигар муяссар намешавад. Маъмулан ќисми зиёди шањрвандони ЉТ баъди ворид шудан ба ќаламрави ФР дар давоми се моњи аввали будубош ва то пайдо кардани љойи кори муносиб патент ё иљозатномаи корї ба расмият дароварда наметавонанд, дубора бо роњи убур кардани сарњад фаъолияташонро ќонунї мекарданд. Акнун баъди амалї гаштани ин таѓйирот аз 1 январи соли 2014 чунин амалиёт ѓайриќонунї мегардад ва воридшавии шањрванд ба ќаламрави Россия ба муддати се сол манъ карда мешавад.
10.Инчунин аз 1 январи соли ҷорӣ тибќи талаботи қонунгузории федералӣ, ки бо ворид намудани таѓйирот дар қонун «Дар бораи алоќа» ва «Кодекси Федератсияи Россия оид бақоидавайронкунии маъмурӣ» муќаррар шудааст, ки фурӯши симкортњои телефони мобилї дар кӯчањо манъ карда мешавад.
Аслан њадаф аз татбиқи ин чорањо бањри пешгирии амалњои ќаллобӣ, ки бо истифодаи симкортњои, ба истилоњ «бесоњиб» анҷом дода мешуд, ба шумор меравад. Минбаъд тибќи талаботи нав фурӯши симкортњо танњо бо таври стансионарӣ, дар дӯкону толорњои фурӯшгоњњои расмї иҷозат дода мешавад.
Дар ќонуни нав танњо воситањои наќлиёте, ки мањз барои хизматрасонии муштариён муљањњаз гардонида шудааст, аз ин истисноянд.
Барои иҷро нагардидани талаботи мазкур, ќонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ намудаст. Ҳамин тариќ бастани шартнома аз номи оператори мобилӣ ба шахсоне, ки чунин ваколатро надоранд, ба шахсони воќеӣ- аз 2 то 5 њазор, ба шахсони масъул- аз 10 то 50 њазор, ба шахсони њуќуќӣ-аз 100 то 200 њазор рубл ҷарима муќаррар кардааст.
Тибќи талаботи ќонунгузорӣ барои шањрвандони хориҷӣ њангоми ќоидавайронкунии маъмурӣ, њатто дар њолати бори нахуст содир шуданаш низ дар њудуди шањрњои Москва, Санкт-Петербург ва вилоятњои Москваю Ленинград,ихроҷи (депортатсия) маъмурӣ аз њудуди ФР пешбинӣ шудааст, ба муњочирони меҳнатӣ ин амал чунин оқибатњо низ дорад.
Мувофиқи иловаҳо воирдшуда ба Қонуни федералӣ «Оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ», ки дар моҳи майи соли 2013 қабул шуда буд, ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди ФР ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, то санаи 9 майи соли 2014 бояд шаҳодатномаи ронандагии Россия дошта бошанд. Аз рӯи маълумоти охир мӯҳлати амали ин меъёри қонунгузорӣ боз ба як сол тамдид карда шуд. (Ин бори дуввумаст, ки татбиқи ин қонун ба таъхир гузошта мешавад. Аслан ин дигаргунӣ мебоист аз моҳи ноябри соли 2013 амалӣ мешуд. Бархе аз коршиносон ин ҳолатро бо омода набудани системаи БДА-и Россия барои қабул ва ивази шаҳодатномаҳои русӣ маънидод мекунанд.)
Тағйироти нав ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар асоси пешниҳоди шаҳодатномаи ронандагии миллии худ ва супоридани имтиҳони назариявӣ метавонанд, шаҳодатномаи Россияро гиранд. Дар ҳолати надоштани шаҳодатномаи ронандагии Россия ронандаи хориҷӣ ба маблағи 50 ҳазор рубл ҷарима баста мешавад. Ҳамзамон аслӣ будани шаҳодатномаи миллии ронандагии шаҳрванди хориҷӣ мушаххас карда мешавад.
Фаъолияти меҳнатии донишҷӯён
Дар моҳи июли соли 2013 тағйирот ба Қонуни федералӣ «Оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР» ба тасвиб, ки дар он имкони бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани донишҷӯёни хориҷӣ дар ФР аз санаи 1 январи соли 2014 пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи тағйироти мазкур донишҷӯи хориҷӣ метавонад бо пешниҳоди камтарин маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, дар кӯтоҳтарин мӯҳлат бидуни квота иҷозати корӣ гирад. Ҳамзамон тибқи ин меъёр донишҷӯи хориҷӣ бояд дар ҳудуди (шаҳр ё ки вилоят) маъмурие, ки муассисаи таълимӣ воқеъ гардидааст, фаъолияти меҳнатӣ намояд. Талаботи дигари ин қонун дар онаст, ки донишҷӯ бояд ба таври рӯзона таҳсил куна два муассисаи таълимияш аккредитатсияи давлатӣ дошта бошад. Қаблан бо донишҷӯёни хориҷӣ имкон дода мешуд, ки танҳо дар давоми таътил бо кор машғул бошанд.
Рақами мушаххаси андозсупоранда -РММ барои муҳоҷирон
Мувофиқи тағйироти нав дар қонуни федералӣ «Оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР» ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки барои гирифтани иҷозати корӣ ё патент ҳуҷҷат месупорад, дар мақомоти андоз ба қайд гузошта мешавад ва ба ӯ рақами мушаххаси андозсупоранда (РММ) дода мешавад.
Ҳамзамон интиқоли ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба қайдгузорӣ ва гирифтани РММ аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия анҷом дода мешавад, ба шаҳрванди хориҷӣ пешниҳоди ҳуҷҷати иловагӣ лозим намеояд.
Суғуртаи тиббӣ барои муҳоҷир
Мувофиқи тағйирот дар Кодекси меҳнати ФР ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ӯҳдадораст, полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ), ки маълумоти пурраи он ба шартномаи меҳнатӣ бо кордиҳанда замима мегардад, дошта бошад. Дар сурати пешниҳод нашудани полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ, кордиҳанда бояд дар давоми як моҳ шартномаи меҳнатиро қатъ намояд. Пешниҳоди полиси СИТ дар ҳолате, ки аз ҷониби худи кордиҳанда ба расмият дароварда мешавад ё инки кордиҳанда бо ягон муассисаи тиббӣ шартнома оид ба расонидани хизматрасонии тиббии ба шаҳрвандони хориҷӣ бастааст, лозим намеояд.
Дар ин ҳолат шаҳрванди хориҷӣ маълумотномаи тиббиро бояд дар якҷоягӣ бо дигар ҳуҷҷатҳо, ки барои гирифтани иҷозати корӣ лозимаст, пешниҳод кунад. Қаблан маълумотномаи тиббиро шаҳрванди хориҷӣ метавонист дар давоми як моҳ баъд аз гирифтани иҷозати корӣ пешниҳод намояд. Барои гирифтани патент ин талабот аз соли 2016 татбиқ мегардад.
Ду қоидавайрокунӣ-ихроҷ ва манъи вуруд
Аз оғози соли 2014 барои қоидавайронкунии маъмурӣ ( ду ё ки зиёда аз он) ба шаҳрванди хориҷӣ ҷарима баста шуда, аз ҳудуди ФР ихроҷ карда мешавад. Ба қавли дигар агар шаҳрванди хориҷӣ ду маротиба ба қоидавайронкунии маъмурӣ роҳ диҳад, масалан қоидаи ҳаракат дар роҳ, низоми будубош дар ФР(бе қайди муҳоҷиратӣ) ёки талаботи қонунгузории федералиро дар бахши фаъолияти меҳнатӣ (бидуни ичозатномаи корӣ фаъолият кунад) вайрон намояд, ӯро ҷарима баста аз қаламрави Россия ихроҷ менамоянд. Агар шаҳрванди хориҷӣ бори аввал қоидавайронкунӣ содир карда бошад ба мӯҳлати се сол, бори дуввум ба мӯхлати 5 сол ва бори сеюм ба мӯҳлати 10 сол аз ҳуқуқи вуруд ба ФР маҳрум мегардад.
Барои вайрон кардани талаботи қайди муҳоҷиратӣ, қоидаҳои вуруд ва будубош, мақсади вуруд ёхуд фаъолияти меҳнатӣ дар хилоф ба дигар минтақаҳо дар ҳудуди Москва, Санкт-Петербург ва вилоятҳои Москва ва Ленинград шаҳрванди хориҷӣ аз 5 то 7 хазор рубл чарима баста шуда аз қаламрави Россия ихроҷ карда мешавад.
Айнизамон тибқи қонунгузории амалкунанда дар сурати ихроҷ ва манъи вуруд 5 категорияи шаҳрвандон метавонанд, дубора ҳуқуқи вуруд ба ФР пайдо кунанд:
1. Шаҳрвандоне, ки хешовандони наздик (волидайн, ҳамсар, фарзандон) , ки шаҳрвандии ФР-ро доранд;
2. Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ФР моликияти ғайриманқул (қитъаи замин, хона, бустонсаро) доранд;
3.Шаҳрвандоне, зарурат ба табобат дар муассисаҳои тиббии ФР доранд;
4. Донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои олии таълимии ФР рӯзона таҳсил менамоянд;
5. Шаҳрвандоне, ки дар давоми будубоши қаблияшон қоидаҳои муҳоҷиратиро риоя карда, санадҳои будубош ва фаъолияти меҳнати барасмият дароварда, сабаби манъи вурудашон ба қонунгузории муҳоҷиратӣ бевосита рабт надошта бошад. ( ҷаримаи маъмурии фаъолияти ронандагӣ, қарздорӣ аз ширкатҳои мобилӣ ва ғ)
Вобаста ба масъалаҳои мазкур шаҳрвандон метавонанд , бевосита ба Намояндагӣ муроҷиат кунанд.



Сертификати забондонӣ

Аз 1 январи соли 2015 тибқи қонунгузории нав дар ФР ҳангоми гирифтани
-иҷозати иқомати мувақкатӣ (разрешение на временное прожывание -РВП)
-иҷозатномаи корӣ;
-патент
дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия лозим мешавад.
Ин меъёри қонунгузорӣ нисбати шаҳрвандоне, ки
-то 1 сентябри соли 1991 мактабро хатм кардаанд;
-аз 1 сентябри соли 1991 дар муассисаи олӣ ё миёнаи махсуси ФР таҳсил кардаанд, татбиқ намегардад.
Шиносномаи хориҷӣ
Аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандони ҶТ имкон доранд, танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ вориди ФР гарданд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ