Вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳрҳои Сургут ва Нижневартовск
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.
Дар ин самт, дар қароргоҳи Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Сургут "Ваҳдат-шимол" бо мусоидати роҳбари ҷамъият Файзулло Аминов ва муовини роҳбари ҷамъият Мирзодавлат Миршарифов мулоқоти судманд бо фаъолони ташкилоти ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.
Ҳамзамон, бо мусоидати Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикон "Суғдиён"-и шаҳри Нижневартовск Ориф Бобоев вохӯриҳо бо фаъолони ҷамъиятӣ ва бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли кории онҳо доир карда шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бо иштирокдорони чорабинӣ саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои мубрам ва мушкилиҳои ҷойдоштаи нафарони алоҳида доир карда шуд.