Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Почтаи Россия ва Связ-Банк низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард

Почтаи Россия ва Связ-Банк низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард

11 июль 2014, Пятница
1 233
0
Дар радифи рақобатҳои бошиддати низоми байналмиллалии бонкӣ таъмини кафолати маблағҳои интиқолшаванда яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад. Дар ҳамоише, ки дар шаҳри Москваи ФР бо иштироки намояндагони низоми бонки, мутахассисони соҳа, Сафорати ҶТ дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва доираи васеи ВАО баргузор гардид, масъалаҳо вобаста ба кафолати давлатии низоми ҷадиди интиқоли маблағҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд.
Айнизамон бозори байналмиллалии интиқоли маблағ давраи рақобатҳои носолимро аз сар мегузаронад. Мувофиқи таҳлили коршиносон сабаби асосии ин вазъ дар маҳдудшавии доираи хизматрасониҳо ва мавҷуд набудани манбаҳои дигари даромад аз фаъолият маънидод мешавад. Соли равон муфлисшавӣ ва ё маҳдуд шудани имконоти низомҳои интиқоли маблағ, ки бо унвони Мигом ва Контакт миёни миллионҳо муштариён маъмул буд, аз пайомадҳои манфии ин раванд шаҳодат медиҳад. Ба қавли дигар низомҳои номбурда дар семоҳаи аввали соли равон натавонистанд ӯҳдадориҳои хешро бобати интиқоли маблағ дар назди муштариён ба пуррагӣ ба сомон бирасонанд. Аз муфлисшавии системаи Мигом натанҳо бонкҳои Россия ва кишварҳои ИДМ, балки шаҳрвандони оддие, ки тавассути ин низом маблағ равон карда буданд, зарари ҷиддӣ диданд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ва таъмини бемамонияту мӯътадили интиқоли маблагҳо Почтаи Россия ва Связ-Банки Россия низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард.
Дар шароити феълӣ аз 10 то 50 фоизи шахсони қобили кор дар кишварҳои ИДМ ё пул равон мекунанд ё қабул мекунанд. Аз ин лиҳоз ҷанбаи иҷтимоии ин лоиҳа аз нигоҳи ташаббускорон дар мадди аввал меистад.
Қабл аз ҳама афзалияти низоми Форсаж-Близко дар кафолати давлатии маблағҳои интиқолшаванда, потенсиали пуриқтидор ва истифодаи усулҳои муосири хизматрасонии бонки маънидод мешавад. Айнизамон аз 42 ҳазор дар 26 ҳазор шӯъбаи Почтаи Россия дар манотиқи гуногуни федератсия бо низоми Форсаж-Близко интиқоли маблағ имконпазир шудааст.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ