Баргузории вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар шаҳри Краснодар
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.
Дар ин самт, 20 октябри соли 2024 дар шаҳри Краснодар вохӯрии Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, генерал-майори милитсия Бухориев Мансур, генерал-майори милитсия Фатоев Абдусаттор, консули фахрии шаҳри Краснодар Нағзибеков Нағзибек ва Раиси диаспораи шаҳри Краснодар Нодиршоев Руслан бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронии хеш Абдураҳмон Аламшозода роҷеъ ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия ба аҳли нишаст шарҳ дод.
Муовини якуми вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.
Дар идома вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша гардид.