Табрикот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия, ҳамаи Шуморо ба ифтихори 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоем.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи тоҷикро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунаввар гардонид.
Қобили зикр аст, ки бо қабул гардидани Конститутсия, халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид ва дар кишвари мо кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар карда шуд.
Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.
Зимнан, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Яъне Конститутсияи мо бо раъйи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд.
Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ, консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, уҳдадориҳои давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд.
Бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрику шодбош гуфта, бароятон саодатмандӣ, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар таманно менамоем.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!