Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Уфа

Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Уфа

21 ноябрь 2024, Четверг
425
0
Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Уфа
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, санаи 19 ноябри соли 2024 мулоқоти Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо ҳамватанон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Приволжие, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории кишвари иқомат ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумӣ (таҳҷоӣ), дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон мубодилаи озоду созандаи афкор сурат гирифт. Ҳамватанон дар хусуси дуруст намудани ҳуҷҷатҳои буду бош ва тарзи дастрас намудани баъзе ҳуҷҷатҳои лозима аз Намояндагӣ ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа суолҳо намуда, ҳамзамон ибрози назару пешниҳодоти хешро карданд.


Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Уфа

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ