Баргузории вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Новосибирск
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.
Дар ин самт, санаи 20 ноябри соли 2024 мулоқоти Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони Новосибирск “Дӯстӣ” бо ҳамватанон ва фаъолони ҷамъияти мазкур ва тоҷикони муқими ин шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Сибир, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории кишвари иқомат ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумӣ (таҳҷоӣ), дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Намояндагӣ пешниҳод гардид, ки дар марказӣ забономӯзии “Алгоритм-С”, ки дар асоси шартномаи сетарафа барои ба таври ройгон гузаронидани дарсҳои забономӯзи аз ҷумла, забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия барои тоҷикони шаҳри Новосибирск ҳамкори ба роҳ монда шудааст ва онҳо метавонанд натанҳо забони русӣ балки дигар забонҳои хориҷиро омӯзанд.
Дар идома оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардуми бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.
Ҳамзамон, оид ба тавсияи хешону шиносони дар ватанбуда, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, пешниҳоди ҷои корӣ дар Тоҷикистон дар НБО Роғун, тартиби бастани шартнома барои фаъолият, тартиби гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба ватан дар Хадамоти консулӣ, тавсияҳои ҳуқуқӣ оид ба боздошти муҳоҷирон дар шуъбаҳои полис, тартиби барқарор кардани ҳуҷҷатҳои гумшуда: (шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайди муҳоҷиратӣ, патент), боздошти муҳоҷирон бинобар иваз кардани ному насабашон бо сабаби ихроҷ ва манъи воридоташон ва боздошт бо ҷурми таҳияи қайди муҳоҷиратии қалбакӣ суҳбати муфид гузаронида шуд.