Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » 9 ДЕКАБР - “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ”

9 ДЕКАБР - “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ”

09 декабрь 2024, Понедельник
693
0
9 ДЕКАБР - “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ”
Ҳамватанони азиз!

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати расидан ба пешравӣ ва муваффақиятҳо ба проблемаву мишкилотҳои зиёде дучор гардидаанд. Яке аз он падидаҳое, ки садди роҳи инкишоф ва пешравии давлатҳои ҷаҳон гардидааст, ин коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия дар қатори дигар омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои баррасишавандаи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Дар замони имрӯза коррупсия ба мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.

Воқеан давоми даҳсолаҳои охир бинобар хусусияти фарогир пайдо намуданаш, мубориза бо коррупсия ба яке аз масъалаҳои дар мадди аввал баррасишавандаи кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Дарки хатари коррупсия ва оқибатҳои манфӣ доштани он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, зарурат пайдо гардид, ки дар ин самт санади байналмилалӣ қабул карда шавад, то ки он тавонад давлатҳоро атрофи ин масъала муттаҳид намуда, ба мубориза бар зидди коррупсия мақоми байналмилалӣ ва умумиҷаҳонӣ дода шавад.

Бо назардошти гуфтаҳои болозикр 31 октябри соли 2003 дар сессияи 58-уми Асамблеяи генералии СММ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ баргузор карда шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан дар Конфронси зикргардида қайд намудааст, ки: “Коррупсия як вабои мудҳишест, ки ба зиёд шудани камбизоатӣ дар бисёр кишварҳо мусоидат мекунад ва ба ҳамаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳеҷ як кишвар - на сарватманд ва на камбағал - аз ин падидаи манфӣ эмин нест. Коррупсия метавонад ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам дар бахши хусусӣ таъсири худро расонад, ки дар он як тараф ҳамеша зарар мебинад - ҷамъият. Имзо шудани Конвенсияи мазкур ғалабаи калони мо дар мубориза ба муқобили ин бадӣ мебошад. Ин рӯз ҳамасола ҳамчун “Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба мубориза бар зидди коррупсия” таҷлил карда мешавад”.

Дар ин раванд, Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифт, ки бо мақсади оммавигардонии мубориза бар зидди коррупсия ва ба хотири қабули Конвенсия, ки дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар миқиёси ҷаҳон нақши калидӣ пайдо намуд, 9 декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” таҷлил карда шавад.

Мақсади Конвенсияи мазкур аз қабул ва таҳкими чораҳое иборат мебошад, ки ба пешгирии судманд ва мубориза бар зидди коррупсия равона гардидаанд. Айни замон Конвенсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кулли давлатҳои аъзои он дар самти мубориза бар зидди коррупсия эътироф карда шуда, ба санади асосии байналмилалие табдил ёфтааст, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ба танзим медарорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз хатар ва оқибатҳои нангини коррупсия огоҳ гардида, ҳанӯз аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баҳри паст кардани шиддати коррупсия мунтазам чораҳои судмандро андешида истодааст.

Зикр бояд намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия пурра ташкил гардида, ба мо зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар ин самт саҳми худро гузорем.

Бояд қайд кард, ки 9 декабри соли ҷорӣ дар саросари ҷаҳон 21 - солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия таҷлил гардида, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти мубориза бар зидди коррупсия натиҷагирӣ карда мешавад.

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия муборак бошад, ҳамватанони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ