Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Табрикот бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

10 декабрь 2024, Вторник
705
0
Табрикот бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва тоҷикони муқими Федератсияи Россия, ҳамаи Шуморо ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани зиндагии босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар раванди 30 соли фаъолияти хеш пайваста талош дошт ва ин раванд боз ҳам босамар идома дорад.

Маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати соҳибмаърифат, соҳибфарҳанг ва ташаббускор мешиносанд. Нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз обрӯ ва маҳбубияти Роҳбари хеш, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки инро коршиносони сиёсии дохиливу хориҷӣ борҳо таъкид намудаанд ва ин воқеиятест, ки ҳар як сокини мамлакат онро хуб дарк менамоянд.

Мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизб эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамватанони гиромиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон саодатмандӣ, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар таманно менамоем.

30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ