Баргузории вохӯриҳои судманд бо корфармоён ва шаҳрвандони кишвар
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷиҳати таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои муносиби корӣ омӯзиш ва таҳлили вазъи бозори меҳнати кишвари иқоматро гузаронида, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.
Дар ин робита, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Пушкинои вилояти Москва Намояндагӣ аз ширкати “ОЗОН Комюнити” дидан карданд.
Бояд қайд кард, ки байни Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи назди Вазорат ва ҶДММ "ОЗОН Комюнити" барои ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарордод ба имзо расонида шудааст.
Дар корхонаи мазкур зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Ба иттилои роҳбарияти корхона, ба масъалаи дуруст будани ҳуҷҷатҳои буду боши кормандон, риояи талаботҳои Кодекси меҳнати Россия ҳангоми фаъолият, фароҳам овардани шароит ва фазои хуби корӣ барои кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Зимни вохӯрӣ бо ҳамватанон оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, роҷеъ ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ибрози андеша гардид.
Аз ҷониби ҳамватанон барои дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар изҳори миннатдорӣ баён намуданд.