Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Боздид аз шароити корӣ ва вохӯрӣ бо ҳамватанон дар Комбинати коркарди гушти Шёлково

Боздид аз шароити корӣ ва вохӯрӣ бо ҳамватанон дар Комбинати коркарди гушти Шёлково

13 декабрь 2024, Пятница
724
0
Боздид аз шароити корӣ ва вохӯрӣ бо ҳамватанон дар Комбинати коркарди гушти Шёлково
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия қарор доранд, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин самт, боздиди Намояндагӣ аз Комбинати коркарди гушти Шёлково ва вохӯрӣ бо ҳамватанон, ки дар корхонаи мазкур фаъолият менамоянд, баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки корхонаи мазкур ҳануз аз соли 2018 бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Бояд қайд кард, ки дар Комбинати коркарди гушти Шёлково ҳудуди 500 нафар фъолият менамоянд, ки аз ин шумора 300 нафарашро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Ширкати мазкур яке аз машҳуртарин ширкати истеҳсолӣ дар Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, бо истифода аз навтарин таҷҳизоти аврупоӣ маҳсулот истеҳсол ва бастабандӣ карда мешаванд.

Музди меҳнати кормандон вобаста ба самти фаъолият гуногун буда, аз 55 000 рубл оғоз меёбад.

Хароҷотҳои вобаста ба хӯрок, хобгоҳ, сабти муҳоҷиратӣ, маблағи моҳонаи патент ва либоси корӣ аз ҳисоби ширкат пардохт карда мешавад.

Шароити кор ва истироҳати муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи аъло қарор дошта, атрофи корхонаро боғи фароғатӣ ва дарёи Клязма фаро гирифтааст, ки макони тафреҳи коргарон аст.

Дар ширкат ба омода намудани кадрҳо диққати махсус дода шуда, кормандон мунтазам такмили ихтисос мегузаранд.

Дар навбати аввал вохӯрии Намояндагӣ бо роҳбарияти корхона баргузор гардида, масъалаи шароити будубош ва ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик анҷом ёфта, аз ҷониби Намояндагӣ маълумот вобаста ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тағйиротҳои воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.

Дар рафти сӯҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.

Дар идома, оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардуми бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.

Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар шаҳрванд бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад. Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, ҳозирин ба саволҳои худ мустақиман аз кормандони Намояндагӣ посух гирифта, ба ҳамватанон корти шумораҳои телефон дода шуд, то ин, ки ҳангоми пайдо шудани суолҳои марбут ба муҳоҷират ва ғайра, шаҳрвандон мустақим ва бевосита дар тамос бошанд.


Боздид аз шароити корӣ ва вохӯрӣ бо ҳамватанон дар Комбинати коркарди гушти Шёлково

Боздид аз шароити корӣ ва вохӯрӣ бо ҳамватанон дар Комбинати коркарди гушти Шёлково

Боздид аз шароити корӣ ва вохӯрӣ бо ҳамватанон дар Комбинати коркарди гушти Шёлково

Боздид аз шароити корӣ ва вохӯрӣ бо ҳамватанон дар Комбинати коркарди гушти Шёлково

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ