Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025

Табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025

31 декабрь 2024, Вторник
916
0
Табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025
Ҳамватанони азиз!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморо бо фаро расидани Соли нави мелодии 2025 самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори осуда ва барори кору комёбиҳо таманно менамояд.

Соли 2024 дар хотири мардуми кишвар ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. Ҳамчунин соли нави 2025–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи Ҳукумати кишвар истиқбол мегирем.

Бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки соли 2024–ум барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд.

Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда низ ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.

Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави 2025-ум, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоем.

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ