Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

02 январь 2025, Четверг
2 173
0
Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Президенти Россия Владимир Путин 30.12.2024 сол, Фармони №1126 -ро ба имзо расонд, ки баъзеҳо онро дар расонаҳо авф ҳам гуфтанд.

Мухтасари Фармони мазкурро шарҳ медиҳем:

Шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия қарор доранд, бояд то охири моҳи апрели соли 2025 мақоми худро қонунӣ гардонанд ё кишварро тарк кунанд. Ба истиснои онҳое, ки барои хидмати ҳарбӣ шартнома бастаанд.

Ҳуҷҷат таъкид мекунад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ барои ихтиёран баромадан аз қаламрави Россия ё қонунигардонии ҳуҷҷатҳои будубош дар давраи аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 дода мешавад.
Имконияти мазкур дар Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.2024 № 1126 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар робита ба истифодаи режими ихроҷ” дарҷ шудааст.

Дар мавриди шаҳрвандони хориҷие, ки барои адои хидмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия ё ташкилоти низомӣ шартнома бастаанд, гуфта мешавад, ки тибқи фармони Президент № 1126 "қарорҳои қаблан қабулшуда дар бораи депортатсия, реадмиссия, мавҷудияти манъи вуруд ба Федератсияи Россия, қарори номатлуб будани будубоши (зист) муҳоҷир дар Федератсияи Россия" амалашонро қатъ мекунанд ва иҷро карда намешаванд нисбаташон.

Муқаррароти Фармон дар қисми марбут ба тарки Россия кардан, тавре ки аз банди 2 -и Фармон бармеояд, ба шаҳрвандони хориҷӣ татбиқ карда нахоҳад шуд, агар онҳо хоҳиши ҳалли вазъи ҳуқуқии худро дар Россия изҳор карда бошанд ва ба шартҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

а) Агар шаҳрвандони хориҷӣ маълумоти шахсии биометрии худро тибқи қонунгузории Федератсияи Россия пешниҳод карданд ё аз рӯи маълумоти шахсии биометрӣ муайян карда шуданд;

б) Агар шаҳрвандони хориҷӣ барои мавҷуд будан ё набудани далели истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур ё моддаҳои нави эҳтимолан хатарноки психоактивӣ, бемориҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатар доранд, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд, ки номгуяшон дар рӯйхати ваколатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти федералӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Россия тасдиқ шудааст ва бемориҳое, ки вируси норасоии масъунияти одам (сирояти ВНМО) дар давоми як сол пеш аз санаи пешниҳоди ариза муоина шуда бошад;

в) Агар чунин шаҳрвандон ҳуҷҷати пешбининамудаи қонуни Федералии аз 25 июли соли 2002 № 115-ФЗ " Oиди вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия" - ро пешниҳод карданд, ки донистани забони русӣ, донистани таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россияро дар сатҳи дахлдор тасдиқ мекунад;

г) Агар шаҳрвандони хориҷӣ ихтиёран қарзҳои мавҷударо аз руи пардохтҳои ҳатмӣ, ки бояд тибқи қонунгузории Федератсияи Россия пардохт карда шаванд, пардохт намуданд ва қарздор нестанд;

д) Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарори рад кардани додани патент ё бекор кардани он, иҷозатномаи кор, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ бо мақсади таҳсил, иҷозатномаи истиқомати доимӣ ё асос барои рад кардани додани раводид ё бекор кардани он асос вуҷуд надошта бошад.

Дар ин ҷо банди “д” ҷолиб аст, ки намегузорад Қарори мазкурро ҳамчун авфи умумӣ арзёбӣ кард, чӣ тавре, ки он дар баъзе расонаҳо баён шудааст.

Ба ҳар ҳол агар Фармони мазкур дар амал дуруст татбиқ шавад, ин ҳам барои баъзе муҳоҷирон имконияти хуб барои танзими вазъи ҳуқуқиашон хоҳад буд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;

5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ