Мусоидати Намояндагӣ дар баргардонидани музди нопардохтшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва мусоидат барои баргардонидани музди нопардохтшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор меравад.
Сабабҳои нопардохти музди меҳнати муҳоҷирон гуногун буда, аксари онҳо ба номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо аст, ки дар охир ҳисоби корҳои анҷомдодашуда байни тарафҳо мувофиқат намекунад ва ин мушкилӣ аз набудани шартномаи меҳнатӣ сарчашма мегирад.
Пас аз таъкидҳои Намояндагӣ зимни вохӯриву мулоқотҳо нисбати он, ки барои набастани шартномаи меҳнатӣ корманд масъул нест, айни замон корбарии мақомотҳои қудратӣ нисбати роҳбарони корхонаҳои хурду бузург тақвият шуда, бархе аз онҳо барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ бидуни шартномаи меҳнатӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад. Дар ин сурат Намояндагӣ бо навиштани аризаи шикоятӣ бо истифодаи камтарин далел масъалаи нопардохти музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ менамояд, ки одатан мусбӣ ҳал мешавад.
Ҳамин тавр, дар давоми соли 2024 бо кӯмаки Намояндагӣ бо роҳҳои муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия, муроҷиат ба суд, музди меҳнати пардохтношудаи шаҳрвандон дар ҳаҷми 39 031 530,00 рубл (муодил ба 3 942 748,00 сомонӣ) баргардонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар давоми соли 2023 музди меҳнати баргардонидашуда 244 612 402,00 рублро (муодил ба 24 709 389,00 сомонӣ) ташкил дода буд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ доранд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Читайте также:
08 июль 2024, Понедельник
Мусоидати Намояндагӣ вобаста ба баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ
15 сентябрь 2023, Пятница
Музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд