Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

13 февраль 2025, Четверг
249
0
ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагӣ +7(495)9679844 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд.
Инчунин вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа пусух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Дар ин замина, Намояндагӣ телефонҳои кории иловагиро вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳавзаҳои федералии Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки ҳар шаҳрванд метавонад вобаста ба вақти корӣ ба рақамҳои дар зеровардашуда дар тамос шаванд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Читайте также:

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ