Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ШАҲРВАНДОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ШАҲРВАНДОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД

18 февраль 2025, Вторник
263
0
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ШАҲРВАНДОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД

Бо ташаббуси Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Росссия мулоқот бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла соҳибкорони бурунмарзӣ, табибон, варзишгарон, донишҷӯёни фаъол, магистрантон ва аспирантон, ки дар риштаҳои гуногуни илм таҳсил менамоянд ва ҳамватанони муқимии вилояти мазкур иштироки фаъолона намуданд.

Зимни вохӯрӣ нахуст Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич аз ғамхории ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад. Изҳор гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити дӯстона ва шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дошта, робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар тамоми соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад.
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ШАҲРВАНДОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД

Масъулини Намояндагӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, риоя намудани талаботҳои қонунгузории ФР, расман фаъолият намуданд, омӯзиши забону фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллии кишвари иқомат, роҳҳои паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз гуруҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ, самаранок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон дар хориҷи кишвар суханронӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳр дода шуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки то 30 апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои будубоши худро ба тартиб дароварда, расман дар қаламрави кишвари иқомат кору фаъолият намоянд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани савол метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

+7 (495) 967-98-44 ; “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Намояндагӣ роҳбари Ташкилоти чамъиятии тоҷикони вилояти Нижний Новгород “Умед” Муминов Зафар барои ҳамкориҳои мутақобиланд судманд бо сипосномаи Намояндагӣ сарфароз гардонида шуд.
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ШАҲРВАНДОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ