Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД

ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД

18 февраль 2025, Вторник
961
0
ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нижний Новгород масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамроҳ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Нижний Новгород Александр Пушкин ва директори департаменти равобити хориҷии Палата Олга Акимова мулоқот намуданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур дар мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи мустақим, имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самтро баррасӣ намуданд.
ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА ВИЛОЯТИ НИЖНИЙ НОВГОРОД БАРРАСӢ ГАРДИД
Зимни баррасии маъалаҳо, инчунин масъалаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои хӯрду бузурги вилояти Нижний Новгород, фароҳамоварии шароити созгор барои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқи онҳо муҳокима гардида, иброз гардид, ки имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Нижний Новгород фаъолияти меҳнатӣ намуда истодаанд, ки фаъолияти меҳнатӣ, таҷрибаи бойи корӣ ва донишу маҳорат ва малакаҳои касбии онҳо шоистаи зикр мебошад.
Таъкид гардид, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ омодааст, ки равобити ҳамкориро бо бахшҳои хусусиву давлатӣ дар самти таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ тақвият бахшида, қувваи кории дар бахши иқтисоди вилоят заруриро таъмин намояд.
Вохӯрии мазкур дар доираи ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ