ДАР МОСКВА БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД
Масъулини Намояндагии Вазо
рати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Москва бо гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир намуданд.
Зимни мулоқот масъулини Намояндагӣ вобаста ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан ва ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба самъи иштирокчиён вохӯрӣ расониданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат барои ҳар шаҳрванди хориҷӣ кафолати меҳнатӣ дода, дар ҳолати сар задани ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот корфармо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои он тадбирҳо меандешанд.

Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гуруҳҳои манфиатҷу ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китохонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.

Инчунин ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки санаи 2 марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар шаҳри Москва дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки иштироки ҳар шаҳрванд масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.
Аз ҷониби шаҳрвандон вобаста ба самти муҳоҷират саволҳо пешниҳод гардида, масъулин ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас гардониданд.