Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар дар Донишкадаи технологии Москва (MТИ)

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар дар Донишкадаи технологии Москва (MТИ)

25 февраль 2025, Вторник
259
0
Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар дар Донишкадаи технологии Москва (MТИ)
25 феврали соли 2025 масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо ректори Донишкадаи технологии Москва (MТИ) Вепринсева Юлия Владимировна, инчунин бо донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишкада таҳсил мекунанд, мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқот бо ректор, суҳбат бо донишҷӯёни тоҷик доир гардид. Масъулини Сафорат мақсад аз баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир андеша намуд.

Масъулини Намояндагӣ вобаста ба тағйиротҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва риоя намудани талаботҳои он, омӯзиши забону фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллии кишвари иқомат, роҳҳои паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни шаҳрвандон, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз гуруҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ, самаранок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори шаҳрвандон дар хориҷи кишвар суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ