Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » ДАР ИРКУТСК БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

ДАР ИРКУТСК БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

28 февраль 2025, Пятница
413
0
ДАР ИРКУТСК БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотрасониро дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тақвият бахшида, ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағийрёбии қонунгузории кишвари иқомат бо усули “рӯ ба рӯ” корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзӯр карда истодааст.
Вобаста ба ин масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Иркутск дар дар корхонаҳои хӯрду бузург фаъолият доранд, вохӯрии судманд доир намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар ва фаъолияти меҳнатии қонунӣ, талаботҳои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба шаҳрвандон дар ин самт тавсияҳои муфид дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ меъёрҳои қонунгузории кишварро риоя намуда, дар заминаи дастур ва меъёрҳои муайяншуда фаъолият намоянд.
Дар рафти ин вохӯрӣ инчунин оид ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 иттилоъ дода шуда, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои расмӣ метавонанд ба мақомоти салоҳиятдори давлатии кишвари иқомат оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар ин замина, аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароии динӣ, террористиву экстремистӣ дурӣ ҷуста, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ва илмҳои замонавӣ машғул шаванд.
Аз ҷониби шаҳрвандон ба масъулини намояндагӣ вобаста ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ