Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД

БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД

05 март 2025, Среда
355
0
БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД
Дар масҷиди шаҳри Братски вилояти Иркутск бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ вобаста ба қонунигардонии шаҳрвандон дар кишвари иқомат вохӯрии масъулини Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират баргузор гардид.
Зимни вохӯрии масъулини Намояндагӣ зарурати фаъолият дар доираи қонунгузории кишвари иқомат, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ фаҳмонида шуда, ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби шаҳрвандон посухҳои мушаххас гаронида шуд.
Зикр гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ ҷиҳати гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 барои қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвари иқомат шароит фароҳам оварда, муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат будубош менамоянд, метавонанд, ки фаъолияти худро расмӣ намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохурӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихории миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароии динӣ ва экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд.
Мулоқоту вохӯриҳои масъулини намояндагӣ дар дигар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба роҳ монда мешавад.[/justify]

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ